Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба кишвардори ҷадиди Ҳиндустон

© Flickr \ Официальный сайт президента РТВизит главы Таджикистана Эмомали Рахмона в Индию
Визит главы Таджикистана Эмомали Рахмона в Индию - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони кишвардори тозаинтихоби Ҳиндустон Рам Натх Ковинд номаи шодбошӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дирӯз 22 июл кишвардори Тоҷикистон, раисҷумҳури нави Ҳиндустонро ба муносибати ба симати президентӣ интихобшуданаш табрик гуфтааст.

Дар номаи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст:

Дворец Тадж-Махал в городе Агра. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳиндустон колоҳояшро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад

"Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии раиси ҷумҳури Ҳиндустон ба шумо табрикоту таманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ — ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар — то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода  талошҳои зарурӣ варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ба нав дар масири иҷрои рисолати хеш ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам".

Ёдовар мешавем, ки худи ҳамин рӯз, раисҷумҳури Тоҷикистон бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сӯҳбати карда ӯро  ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Лентаи хабарҳо
0