ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВУД ҶТ, дирӯз 22 июл дар дар раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ муаррифии шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии БДА бо ширкати муовини вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода, сардорони Раёсати БДА ва шумораи зиёди хабарнигорон доир гардид.
Маҳмадсаид Саидзода гуфтааст, ки ба роҳ мондани шабакаи ягонаи иттилоотии раёсати БДА ВКД яке аз самтҳои асосии гузариш ба ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, он барои пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт, сари вақт пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ ва осон намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
"Мақсад аз коркард ва ҷорӣ намудани шабакаи мазкур баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ВКД тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сода гардонидани тартиб ва кам кардани ҳуҷҷатҳо, коҳиш додани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, автоматикунонии ҳамкориҳои мутақобилаи байниидоравӣ дар ҷараёни қабул кардани қарорҳои идоравӣ, инчунин таъмини фаврият ва назорати натоиҷи фаъолияти таълимӣ мебошад",-гуфтааст Маҳмадсаид Саидзода.
Пештар хабар дода шуд, ки Рустам Эмомалӣ шахсан фаъолияти пардохти электрониро дар автобусҳои шаҳрӣ санҷид.
Манбаъ меафзояд, ки ВКД ҷиҳати иҷроиши талаботи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 30 декабри соли 2011, аз соли 2004 ба бунёди шабакаи ягонаи иттилоотии ҷумҳуриявии Бозрасии давлатии автомобилӣ шурӯъ намуда буд.