ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон итилоъ медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қочоқи 2,5 милюн рубл аз Тоҷикистон ба Русия пешгирӣ карда шуд.
Яке аз мусофирони парвози Душанебе — Маскав парешонҳол менамуд ва аз ҳамин сабаб диққати кормандони гумрукро ҷалб кард.
Чуноне ки кофтукоби сокини ноҳияи Рудакӣ дар ҳузури шоҳидон нишон дод, мард зери либосаш 2,5 милюн рубли русиро пинҳон кардааст, ки он дар ҳуҷҷате нишон дода нашуда буданд.
Нисбати гумонбаршаванда парвадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро Додситонии нақлиётии Тоҷикистон идома медиҳад.