Вазири фарҳанги ҶТ: беш аз 2 ҳазор сохтмон осори торихиву фарҳангӣ шинохта шудаанд

© Министерство культуры РТМинистр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода, архивное фото
Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ду ҳазору дусаду сиву нӯҳ сохтмон дар феҳристи мероси торихиву фарҳангии кишвар номнавис шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти расонаӣ аз амалкарди ин вазорат дар нимсолаи аввали соли 2017 гузориш дод.

Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги ҶТ беҳтарин намоишпардози тоҷикро шиносоӣ накард

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Шамсиддин Орумбекзода дар ин нишаст гуфта, ки аз 2 239 созае, ки дар феҳристи осори торихиву фарҳангӣ номнавис шудааст, 1278 созаи бостоншиносӣ, 441 ёдгории торихӣ, 300 ёдгории меъморӣ ва 220 сохтмон аз вайронаҳои шаҳрҳои бостонӣ ҳастанд.

Ҳамчунин 83 бозёфта аз ковишҳои бостоншиносӣ, 70 қалъаву диж, 110 масҷиду оромгоҳ,   43 сангнавишта, 15 сангнигора ва 654 макони бостонии ковишнашуда дар ин феҳрист номнавис шудаанд.

Афзун бар ин дар музейҳои кишвар 316 ҳазор осори торихиву фарҳангӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Вазири фарҳанг ҳамчунин иттилоъ дода, ки ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо корёрии ЮНЕСКО ва яке аз бунгоҳҳои куреӣ тарҳи сесолаи муъаррифии мероси маънавии Тоҷикистонро иҷро хоҳад кард. Аз дастовардҳое, ки ин ҳамкорӣ пештар дода, яке номнависии "оши палав" дар феҳристи мероси маънавиву фарҳангии ЮНЕСКО ҳамчун "хӯроки миллии тоҷикӣ" буд.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанг дар соли 2016 феҳристи мероси маънавӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистонро таҳия ва мунташир карда, ки 515 намуна аз саросари кишварро дар бар мегирад.

Вазири фарҳанг ҳамчунин ба пурсишҳои рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти китобхонаҳо, театрҳо ва клубҳои сайёр, ҷалби тамошобинон ба театр, робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Узбакистон, бузургдошти ҳунарварону фарҳангиёни даргузашта, раванди бозномнависии матбуоти даврӣ, риъояи меъёрҳои қонуни забони давлатӣ дар филмҳо ва тарҷумаи онҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, фарҳанги номгузорӣ посух додааст.

Лентаи хабарҳо
0