Балоёи табиъӣ дар Тоҷикистон: пайомади тағйири иқлим ва нерӯи вайронгари об

© Фото : Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар АсламшоеваСел дар Дарвоз
Сел дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари таъсири тағйироти обуҳавоӣ теъдоди балоҳои табиъӣ дар қаламрави Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода аз афзоиши чашмгири теъдоди балоҳои табиъӣ дар Тоҷикистон гуфт.

Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сипаҳбад Назарзода: беш аз 280 минтақаи балохез дар кишвар шиносоӣ шуд

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷа, дар қароргоҳи аслии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк севумин ҳамоиши "Созгорӣ бо тағйири иқлим ва балоҳои табиъии обовард" баргузор гардид.

Вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ дар ин ҳамоиш гузоришеро ироя кард, ки дар он бар афзоиши асару таъсири тағйири иқлим бар вазъи зистшинохтӣ дар кишвар ёдоварӣ шуда, аз ҷумла иттилоъот дар бораи камтар шудани масоҳати пиряхҳо дар Помир таъйид гардид.

Неъматулло Ҳикматуллозода умедвор шуда, ки барномаи Даҳсолаи байналмилалии "Об барои тавсеъаи пойдор 2018 — 2028" ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ ва корёрӣ дар заминаи пешгирӣ аз балоҳои табиъии обовард мусоъидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0