Ба занӣ намегирам: ҷавон маъшуқаи обистанашро оташ зада гӯр кардааст

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкПожары в Амурской области
Пожары в Амурской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавони 26-солае аз ноҳияи Спитаман ба иттиҳоми куштори ваҳшиёнаи духтари 24-сола дастгир шуд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани як ҷавони спитаманӣ ба иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи духтаре хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса марди 26-солаеро дар ноҳияи Спитамен ба иттиҳоми куштор дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар соли 2015 бо духтари 24-солае аз ҳамин ноҳия равобити маҳрамона барқарор мекунад ва дар паи он духтар аз ӯ обистан мешаваду талаб мекунад, ки хонае ҷудогона барояш харида ӯро ба занӣ бигирад.

Муттаҳам шарти духтарро мепазирад, аммо дар пайи нобуд кардани вай мешавад.

"Бо ҳамин мақсад, 19-уми октябри соли 2016, тахминан соати 18:30 дақиқа, бо нақлиёти шахсии "Мерседес-Бенс", ба манзили иқоматии зани номбурда омада, бо роҳи фиреб ӯро ба автомашинааш савор карда, ба ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК "Гулистон"-и ҳамин ноҳия бурда, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст",- қайд мегардад дар гузориши ВУД.

Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш, ҷасади занро бо сӯзишвории бензин оташ зада ва ҷасади нимсӯхтаро ба халтаи синтетикӣ ҷой карда, ба бордони автомашинаи мазкур бор карда, ба масофаи 2-километр дуртар аз ҷойи ҳодиса бурда, дар ҷойи ноаён гӯр кардааст.

Чанде пеш дар ноҳияи Ваҳдат куштори 13 сол қаблӣ ошкор гардид. Тибқи гузориши ВУД, марде ҳамсарашро бо кетман ба ҳалокат расонида, дар таҳхона гӯронидааст.

Дар мавриди иттиҳомоти ворида ба ҷавони спитаманӣ ва марди ваҳдатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозҷӯӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0