ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи инфиҷор дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ханҷжоуи Чин 2 тан ба ҳалокат расиданд ва беш аз 55 кас захмӣ шуданд.
Тавре қайд мегардад, дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри мазкур балони газӣ оташ гирифта, дар натиҷа инфиҷори бузурге ба амал омадааст.
Дар натиҷаи инфиҷор оинаҳои хонаҳо ва худравҳое, ки дар назди тарабхона қарор доштанд, ба ҳам рехтанд.
Илова бар ин мусофироне, ки дар дохили автобус аз назди рестурон мегузаштанд, захмӣ шудаанд.