ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Мудири Ожонси назорати маводди мухаддири ҶТ сипаҳбад Шерхон Салимзода бо ҳайъати намояндагони Додситонии кулли Ҷумҳурии Белорус ба раҳбарии додситони кулл Александр Канюк мулоқот кард.
Ба гузориши равобити умумии ин созмон, сипаҳбад Салимзода дар ин мулоқот гузорише аз вазъу равандҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумла масирҳои аслии қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар кишваҳои ҳамсуд, базаҳкориҳои вобаста ба маводди мухаддир дар кишвар ба ҳайъати белорусӣ дод.
Мудири Ожонси мубориза бо маводдди мухаддир ҳамчунин аз ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо Созмони ҳамкории Шонгҳой, Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ниҳодҳои ҳамто гузориш дод.
Додситони кулли Белорус пешниҳод кард, ки дар раҳбарони созмонҳои пайкоргар бо қочоқи маводди мухаддир дар кишварҳои ҳамсуд соли оянда дар шаҳри Минск дар ҳамоише байналмилалӣ баргузор кунанд ва барои пешбурди сиёсати назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҷӯӣ кунанд.
Ин пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.