Мо гармӣ дорем: обу ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Устинов / Гузариш ба медиабонкЗакат над Амударьей, архивное фото
Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикон ва Тоҷикистон гамрӣ доранд. Тобистон ҳамоно бо гармиаш шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистонро шод мекунад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 20 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда дар баъзе аз минтақаҳо ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа мерасад.

Тибқи додаҳои манбаъ, дар ҳавои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 31 то 36 дараҷа ва дар шарқи он аз 19 то 24 дараҷаро ташкилхоҳад дод.

Дар вилояти Хатлон дар водиҳо ҳарорати ҳаво аз 35 то 40 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 32 то 37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо аз 33 то 38 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат аз 36  то 38 гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0