ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Даҳумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳангии "Боми ҷаҳон" 28 — 30 июл дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, гуфта шуда дар сафҳаи фейсбукии Далер Назаров.
Ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Боғи марказии шаҳр баргузор шуда дар он ҳунармандон аз Австрия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ҳам ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора овозхону оҳангсози номдор устод Далер Назаров, гурӯҳҳоии мусиқии "Машқи дутор" аз шаҳри Хуҷанд, "Западный квартал" аз шаҳри Душанбе ва дастаҳои ҳунардӯсти мардумии вилояти мухтори Кӯҳистонӣ Бадахшон муъаррифӣ мекунанд.
Ҷашнвора рӯзҳои 28-30 июл дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад шуд.