Вазири кор: Урупо ба муҳоҷирони коршинос ниёз дорад

© Sputnik / Махпора КиромоваМинистр труда и соцзащиты населения Таджикистана Сумангул Тагойзода
Министр труда и соцзащиты населения Таджикистана Сумангул Тагойзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода мегӯяд, Урупо ба муҳоҷирони коршинос ниёз дорад, ки на ҳар корҷӯе аз Тоҷикистон чунин тахассусе дорад

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон камубеш 6,1 милюн сомонӣ эътибори имтиёзнок ба беш аз 2 ҳазор шаҳрванди бекор дода то дар заминаҳои тавлидот ва хидматрасонӣ корофаринӣ кунанд.   

Ин рақамро имрӯз вазири кору муҳоҷирату шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода дар нишасти расонаӣ эълом кард. Вай гуфт, ки аз соли 2015 то кунун бар асари таъсири буҳрон, камобеш 8 ҳазор шаҳрванд бекор мондааст, ки дар миёнашон кормандони бонкҳо ва созмонҳои байналмилалӣ низ кам нестанд. Ин кормандон то бекор мондан музди болое мегирифтанд вале акнун будҷаи кишвар тавони онро надорад, ки кумакпулии муносиби дар бекорӣ барояшон пардохт кунад.

Бино бар Қонуни кори ЧТ, бекорон се моҳ кумакпулӣ дарёфт мекунанд: моҳи аввал 50 дарсад аз охирин ҳуқуқашонро, моҳи дувум 40 дарсад ва моҳи севум 30 дарсадашро.

Сумангул Тағойзода гуфт, аз шумори шаҳрвандоне, ки эътибори имтиёзнок дарёфт кардаанд, беш аз 1,1 ҳазорашон зан ҳастанд, ки бо ин вомҳо метавонанд кору борашонро беҳбуд бахшанд. Ин занҳои коркушо ҷамъулҷамъ 4,3 милюн сомонӣ эътибор дарёфт кардаанд. Ҳар кадоме аз онҳо 3 то 9 ҳазор сомонӣ вом гирифтааст.

Вазири кор ҳамчунин гуфт, ки аз ин вомҳои имтиёзнок шаҳрвандоне метавонанд дарёфт кунанд, ки ё бекор мондаанд, ё хидмати низомӣ мекунанд, ё тоза аз хидмати низомӣ омадаанд ва ё ин ки тоза аз зиндон озод шуда бошанд. Вазир таъкид кард, ки ин шаҳрвандон бештар аз дигарон ниёз ба дастгирии молӣ доранд.

Сумангул Тағойзода дар бораи муҳоҷират аз кишвар ҳам гуфт, дар шаш моҳи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷ 242 792 кас корҷӯӣ рафта, ки дар қиёс бо соли гузашта 21 дарсад камтар аст.

Вазири кору муҳоҷират гуфт, ки корҷӯён бештар ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд, вале ин ниҳод талош дорад корҷӯёнро ба дигар кишварҳо низ бифиристад. Аз ҷумла, ба гуфтаи вазир, бозорҳои кори Кувайт, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Куреи Ҷанубӣ баррасӣ мешавад ва пешнависи қарордодҳо бо ин кишварҳо омода шудааст.

Вай афзуд, ки вазорат бо ниҳодҳои Урупо масъалаи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ дорад ва бо Лаҳистон қарордоде баставу шуморе аз шаҳрвандон онҷо кор мекунанд. Дар ин замине яке аз ширкатҳои тоҷикӣ иҷоза гирифта, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Урупо, аз ҷумла Олмон, бибарад.

Аммо вазир таъкид кард, Урупо ба муҳоҷирони коршинос ниёз дорад, ки на ҳар корҷӯе аз Тоҷикистон чунин тахассусе дорад. Надонистани забони кишварҳои муҳоҷирпазир низ яке дигар аз мушкилоти муҳоҷирати корӣ ва Урупо аст.

Лентаи хабарҳо
0