Исломшинос: на ҳар муслимае теруристи интиҳорист

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкЖенщина в хиджабе, архивное фото
Женщина в хиджабе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Профессор Алексей Малашенко бар он аст, ки барои занон пайвастан ба ДОИШ коре осон нест, вале бархе аз онҳо содиқона дар ҷиноёти ҳаросафканон ҳамдастӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Профессор Алексей Малашенко дар гуфтугӯ бо родю Sputnik аз сарнавишти занон дар қаламрави "Давлати исломӣ" гуфт, ки ҳастанд заноне, ки довталабона ба ДОИШ пайваста ва содиқона дар ҷиноёти ҳаросафканон ҳамдастӣ мекунанд.

"Ин занон ҳама сиёҳпӯш нестанд. Пайвастани ин занон ба ДОИШ ба ин маъно нест, ки ҳар як зани мусулмоне теруристи интиҳорӣ аст — ин ҳарф ёваву ҳарзае беш нест", — гуфт ин шарқшинос, исломшинос, сиёсатшинос ва доктори улуми торих.

Ба бовари ин коршинос, дар миёни занон бархе моҷароҷӯён низ ҳастанд, ки хатарноктарин занон ҳастанд. Аммо ин нуктаро ҳам бояд дар ёд дошт, ки ҳаросафканон бархе аз занҳоро бо дурӯғу фиреб мағзшӯӣ мекунанд то ба онҳо бипайванданд.

"Зане, ки аз қаламрави "Давлати исломӣ" бар гашта бошад, маъмулан хатару таҳдиде барои ҷомеъа надорад, албатта, ба шарте, ки маъмураш накарда бошанд амалиёте анҷом бидиҳад", — боварманд аст профессор Малашенко.

Лентаи хабарҳо
0