ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода дар Ҳамоиши сиёсии сатҳи баланд барои рушди устувор (HLPF) гуфтааст, ки дар давоми 15 соли ахир Тоҷикистон ба пешрафтҳои чашмгире, аз ҷумла дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ даст ёфтааст.
Бино ба иттилоъи равобити умуми ВКХ ҶТ, ӯ ёдоварӣ кардааст, ки дар ин давра давлати Тоҷикистон ду барномаи роҳбурдии коҳиши бенавоӣ барои солҳои 2007 то 2009 ва 2010 то 2012-ро иҷро карда ва ҳамчунин Роҳбурди миллии рушд то соли 2030-ро тасвиб кардааст.
Вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ ҳамчунин бар зарурати ёрирасонӣ ба кишварҳое, ки дар вазъи хоссе қарор доранд, аз ҷумла кишварҳои тавсеъаёбандае, ки ба дарёҳо роҳ надоранд, таъкид кардааст.