Боздошти корманди нозироти андоз барои порагирӣ

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПередача денег, архивное фото
Передача денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди нозироти андози ноҳияи Варзоб дар гирифтани пора мутаҳҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ, ин нозир ҳангоми гирифтани пора барои озод кардани шаҳрванде аз масъулияти маъмурӣ дастгир шудааст.

Рӯзи 26 майи соли 2017 шаҳрванде ба Ожонс шикоят бурда, ки корманди Нозироти андози ноҳияи Варзоб Суҳроб Мамонов барои озод карданаш аз масъулияти маъмурӣ 8 000 сомонӣ ришва хостааст.

Ба гузориши манбаъ, нозир аз ин маблағ 5 000 сомониро дарёфт карда ва аз маблағи кулли хостааш 500 сомонӣ кам карда аз шаҳрванд 2500 сомонӣ нақд талаб кардааст.

Дар пайи баргузории бозҷӯӣ Суҳроб Мамонов бедиранг пас аз дарёфти 2500 сомонӣ дар бӯстонсаройи “Водии гургон” дар ноҳияи Варзоб дастгир шуда, маблағи 2500 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфт ва бозпас гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, ки барои баррасии иттиҳомот бар Суҳроб Мамонов аз рӯи моддаи 319 қисми 4 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0