ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, бозсозии роҳи селзада дар Дарвоз идома дорад.
Роҳсозон бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои зудтар барқарор кардани қитъаи роҳ миёни деҳаҳои Ширговад ва Ёгед дар ноҳияи Дарвоз мошинҳои сангини роҳсоҳӣ — тракторҳои заминкану боркашҳои худрез ва дигар корафзорҳои муҳандисиро ба кор гирифтаанд.
Нилуфар Асламшоева мегӯяд, ҳамакнун корҳои барқарорсозӣ босуръат ҷараён доранд.
Роҳсозон мегӯянд, ҳукумат ҳама шароитро барои бартараф кардани пайомадҳои сел фароҳам карда ва онҳо талош доранд дар кӯтоҳтарин замон роҳро боз кунанд.
Рӯзи 16 июл дар паи чаппа шудани заврақи наҷотдиҳандагон дар рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз се кас ҷон бохта ва чаҳор кас захмӣ шуда буданд.
Дар ин ҳодиса корманди ШВКД дар ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев, корманди Вазорати дифоъ Наим Саъдуллоев ва кӯдаки 10-сола Фирӯза Акобирова аз ноҳияи Дарвоз дар рӯди Панҷ ғарқ шуда ва Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов захм бардоштаанд.
Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст.
Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.
Дар канораи тоҷикистонии рӯди Панҷ рустоҳои Хостав ва Ширговад аз сел осеб диданд.