Манижа Сангин дар озмуни “Бонуи сол - 2017” ширкат меварзад

© Instagram/ MANIZHAТаджикская певица Манижа, архивное фото
Таджикская певица Манижа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манижа Сангин – овозхони тоҷики муқими Русия дар озмуни “Бонуи сол -2017” дар бахши “Бозёфти сол” ширкат меварзад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Маҷаллаи  Glamour имсол низ  озмуни "Бонуи сол"-ро эълон кард.

Тавре дар сомонаи хабарии расона қайд мешавад, озмуни "Бонуи сол — 2017" дар 11 бахш —  "Актрисаи сол",  "Овозхони сол", "Ситораи экран",  "Бозёфти сол",  "Ҷуфти сол", "Тарроҳи сол" ва ғайра доир мешавад.

Чунончи, дар бахши "Бозёфти сол" номи Манижа Сангин низ қайд мешавад, ки овозхон барои албоми Manuscript ва дубора фаъол шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин озмун роҳ ёфтааст.

Хоҳишмандон ва ҳаводорони ин ситора метавонанд дар сомонаи Glamour ба вай овоз доҳанд.

© Торномаи GlamourШиркати Манижа Сангин дар озмуни "Бонуи сол- 2017"
Ширкати Манижа Сангин дар озмуни Бонуи сол- 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати Манижа Сангин дар озмуни "Бонуи сол- 2017"

Ҷоиза "Бонуи сол"  аз ҷониби расонаи Glamour таъсис дода шудааст, ки  яке аз ҷоизаҳои машҳур дар Русия ба ҳисоб меравад. Ин ҷоиизаро ҳамасола даҳҳо занон аз доираи касбу кори гуногун — тиҷорат, мӯд, кино, варзиш, ҳунар, ва ғайраҳо интизор мешаванд.

 "Бонуи сол" бори нахуст дар ИМА соли 1990 таъсис дода шуд. Дар Русия бошад пас аз он ки дар соли 2005 расонаи Glamour мунташир гашт, ин ҷоиза низ пайдо гардид.

Ҳоло "Бонуи сол" —ро чеҳраҳои маъруфи Русия чун Юлия Висотская, Наталя Водянова, Алина Кабаева, Вера Брежнева ва дигарон соҳиб шудаанд.

Маҷаллаи Glamour — маҷаллаест, ки дарРусия моҳе як маротиба мунташир мешавад. Расона бахшҳоеро ба монанди  занон, мӯд, зебогӣ, сабк ва саломатӣ дар бар мегирад.

Glamour дар 17 кишвари ҷаҳон ба хонандагон дастрас  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0