Яхмос аз дасти Владимир Путин

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин посетил Международный авиасалон МАКС-2017 в подмосковном Жуковском
Президент РФ В. Путин посетил Международный авиасалон МАКС-2017 в подмосковном Жуковском - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавофазонавардӣ мансабдоронро бо яхмос меҳмондорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавофазонавардӣ (МАКС)  дар фурудгоҳи Жуковский ҳайъати ҳукуматии Русияро бо яхмос меҳмондорӣ кард.

Нахуст раисҷумҳур аз фурӯшанда анвоъи яхмосро пурсон шуд ва сипас барои худаш яхмосе аз навъи "пломбир" интихоб кард.

Путин ба фурӯшанда пули ҳазоррублӣ дароз кард, аммо бақияашро нагирифту дархост кард, ки ба ҳайъате, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, яхмос диҳад.

 

 

​"Аз бақияаш ба онҳо диҳед",- гуфт Путин ба фурӯшанда ва ба ҳамроҳонаш ишора кард.

Масъулине, ки дар гирди раисҷумҳур меистоданд, ба ханда даромаданд.

"Хоҳишмандон бисёранд", — шӯхӣ кард яке аз онҳо.

Пас аз он, ки ҳамроҳони раисҷумҳур яхмосҳоро ба даст гирифтанд, Путин аз фурӯшанда пурсид, ки оё пули пардохтааш басанда буд ё не?

"Ростӣ, ман ҳисобамро гум кардам", — гуфт дар посух вай.

"Имсол даромади ширкати Шумо чанд аст — 80 милёрд, интур ки бошад Шумо метавонед барои худатон яхмос бихаред", — гуфт Путин ба вай шӯхиомез.

Дар фурудгоҳи Жуковский аз 18 июл намоишгоҳи МАКС-2017 оғоз ёфт.

Лентаи хабарҳо
0