ДУШАНБЕ, 17 июл— Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов вазири амнияти миллӣ Давронгелдӣ Байрамовро танбеҳ дод.
Бино ба иттилоъи расонаҳои туркманӣ, вазир аз барои назорат накардани интизоми кормандони ин мақомот танбеҳ шудааст.
Расонаҳо ҷузъиёти хабарро нашр накардаанд.
Байрамов аз соли 2016 вазири амнияти миллии Туркманистон аст.