Номи Гулмурод Ҳалимов аз феҳристи Интерпол бардошта шудааст

© SputnikКадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото
Кадр из видеоролика, в котором Гулмурод Халимов заявил о присоединении к ИГ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номи Гулмурод Ҳалимов соли 2015 пас аз фирораш аз Тоҷикистон ва пайвастанаш ба гурӯҳи тундрави ДОИШ дар феҳристи пайгарди Пулиси байнулмилал ҷой дода шуда буд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Номи Гулмурод Ҳалимов — яке аз фармондеҳони гурӯҳи ҳаросафкани "Давлати исломӣ", аз феҳрасти базаҳкорони бозҷустшаванда аз сӯи Созмони байналмилалии пулиси ҷиноӣ ё "Интерпол" бардошта шуда аст.

Гулмурод Ҳалимов сарҳангу фармондеҳи пешини Нерӯҳои ошӯбнишони ВУД Тоҷикистон буд, ки соли 2015 аз Тоҷикистон фирор карду ба гурӯҳи тундрави ДОИШ пайваст. Пас аз он ки вай дар паёме видеоӣ пайвастанаш ба ДОИШ-ро эълом кард, Интерпол номашро дар феҳристи пайгарди байналмилалӣ сабт кард.

© Скриншот с сайта www.interpol.intСообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола
Сообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола - Sputnik Тоҷикистон
Сообщение о розыске Гулмурода Халимова на официальном сайте Интерпола

Ҳукумати Амрико барои ҳаргуна иттилоъ дар бораи Гулмурод Ҳалимов, се милюн дулор подош ваъда дод.

Вале аз чанд рӯз пеш номи вай аз феҳристи Интерпол бардошта шудааст.

Моҳи сентябри соли 2016 расонаҳо хабар дода буданд, ки Гулмурод Ҳалимов  яке аз фармондеҳони дода буданд, вале ин иттилоъ таъйид нашуд.

Ҳамчунин дар баҳори соли 2017 бархе аз расонаҳо дар бораи кушта шуданаш хабар доданд. Аммо ВКД Тоҷикистон марги ӯро таъйид накард ва эълом кард ки дар ин замина бозҷӯӣ хоҳад кард.

 

Лентаи хабарҳо
0