Камхобӣ ба саломатии инсон чӣ хатаре дорад

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкФлешмоб "Выспись" в Екатеринбурге. Архивное фото
Флешмоб Выспись в Екатеринбурге. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Профессор Владимир Ковалзон дар бораи хатари бехобии музмин ба ҷисм ва рӯҳи инсон нақл кард

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Коршинос мегӯяд, ки бехобӣ тамоми раванди организми инсонро тағйир дода, масъунияти баданро паст мекунад.

"Агар инсон хоб накунад, мағзи сари ӯ кор намекунад", — изҳор дошт Ковалзон дар суҳбат бо радио Sputnik Осетияи Ҷанубӣ.

Пизишк дар ин росто бархе аз ширкатҳои амрикоиро мисол меорад, ки махсусан барои коргаронашон утоқи алоҳидае ташкил кардаанд, ки онҳо  метавонанд пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар он ҷо истироҳат кунанд.

Бехобии музмин — ин як ҳолатест, ки инсон ҳар рӯз нағз хоб намекунад, кам хоб меравад ё бад хоб меравад.

Камхобӣ ба коста шудани қобилияти фаъолиятнокии инсон оварда мерсонад.

Лентаи хабарҳо
0