ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Чаҳорумин ҷаласаи Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 13 июл дар шаҳри Боку ба раёсати вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода ва вазири иқтисоди ҶО Шоҳин Мустафоев баргузор шуд.
Бино ба иттилоъи равобити умумии ВУХ ҶТ, дар ин ҷаласа тарафҳо дар бораи рушди иқтисод ва сиёсати иқтисодии кишварҳои худ гузориш додаанд. Аз ҷумла имконоти мавҷуд барои рушди ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисод, санъат, таробарӣ, энержӣ, тандурустӣ, иртиботот ва фанновариҳои иттилоъот, кишоварзӣ, омӯзишу дониш, фарҳангу ҳунару гардишгарӣ баррасӣ шуда ва роҳҳои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо низ матраҳ шудаанд.
Дар чорчӯби ин ҷаласа нишасти корӣ дар мавзуъи "Фазои сармоягузорӣ ва шароити мусоиди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" бо ширкати намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баргузор шуд.
Неъматулло Ҳикматуллозода дар ин нишаст "Роҳбурди миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030"-ро ба корофаринону коргушоёни озарбойҷонӣ муаррифӣ карда ва аз фазои сармоягузорӣ ва фурсатҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барояшон гуфт.