"Game of Thrones" ё бозии тоҷу тахт ба сабки қазоқӣ

© Фото : Аккаунт "Настольная игра Қазақ Хандығы үстел ойыны" в FacebookНастольная игра Казахское ханство
Настольная игра Казахское ханство - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавоне дар Қазоқистон торихи қазоқҳоро ба сабки бозии "Game of Thrones" ё "Бозии тоҷу тахт" бозсозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бархе аз ҷавонони Олмаато бозии нақшофаринии "Хоқонии Қазоқ"-ро озмуда онро писандидаанд. Бозии тоҷу тахти қазоқӣ дар наздиктарин рӯзҳо ба бозор меравад.

Бино ба иттилоъи Sputnik Қазоқистон, ин бозиро Қобландӣ Жанабекулӣ таҳия кардааст.

Таҳиякунанда расми қадимии муғултаборон — интихоби хоқонро, ки "хан-сайлау" хонда мешавад, бунмояи бозӣ қарор додааст: бозигарон бояд нақши хонҳоро офарида кӯшиш кунанд тахту тоҷро ба даст биёваранд.

Ҳар хоне барои гирд овардани нерӯи бештар зери парчами худ чопарҳоеро ба улусҳои қазоқ мефиристад. Ҳар касе бештар ёр гирифт, ҳамӯро хоқон эълом карда бар намади сафед бар медоранд.

Лентаи хабарҳо
0