Вазири фарҳанги Қазоқистон ба фарҳангиёни тоҷик: ҳунари нодир доред

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки исполняют национальный танец. Архивное фото
Девушки исполняют национальный танец. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиулӣ барои вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос фиристодааст

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Аристанбек Муҳаммедиулӣ дар номае ба вазири фарҳанги ҶТ аз ширкати фарҳангиёни тоҷик дар дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Остона сипосгузорӣ кардааст.

Аристанбек Муҳаммедиулӣ дар номааш ба Шамсиддин Орумбекзода барои ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии "Гулрез", овозхони гурӯҳи "Ориё" Муҳаммадрафӣ Кароматулло, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Рустам Дулоев, сарояндаи опера Ангелика Тиман, рақсандаҳои балет Фарангис Қосимова ва Муҳаммад Азимзода сипосгузорӣ кардааст.

"Ҳунарнамоии барҷастаи ҳунарпешаҳои тоҷик, ки аз истеъдод ва ҳунари нодири онҳо дарак медод, ба чорабинӣ ҳусн ва шукӯҳи тоза бахшида, тамошобинонро мафтуни худ гардонд", — омадааст дар ин нома.

Дар ин нома вазири фарҳанги Қазоқистон умедворӣ кардааст, ки равобити дӯстонаи Қазоқистон ва Тоҷикистон беш аз пеш густариш ёбанду устувортар шаванд.

Лентаи хабарҳо
0