Ба муносибати як солагии табадуллоти нокоми давлатӣ дар рӯ ба рӯи қасри президентӣ муҷассаи қурбониёни табадуллот гузошта шуд.
Ин муҷассама аз ҷониби раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ифтитоҳ гардид.
Дар ин муҷассама қурбониёни табадуллоти давлатӣ таҷассум гардидаанд.
"Ин муҷассама барои насли ояндаи мо хотирае аз қаҳрамононамон хоҳад буд. Онҳо дар дасташон ғайри имон чизе надоштанд, вале тавонистанд танкҳо ва ҳавопайморо манъ кунанд. Мо қурбониёнамонро ба хок супоридем, вале онҳо ҳамеша дар қалбамон зинда хоҳанд монд. Ташкилкунандагони табадуллот бошанд, дар зиндонҳо ҳар рӯз ҳалок хоҳанд шуд", — гуфт кишвардори Туркия.