ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, дар озмун хоҳишмандоне, ки дорои маълумоти олӣ дар бахши рӯзноманигорӣ, иқтисодӣ ё филологӣ мебошанд, ҳуқуқи ширкатро доранд.
Доавлатаб бояд маҳорати баланди эҷодӣ дар таҳия намудани хабару мақолаҳои иқтисодию молиявӣ ва таҳриру ба нашр пешниҳод кардани онҳо дошта, бо компютер кор карда тавонад.
Талаботи дигар донистани нозукиҳои кор бо дастгоҳи аккосӣ, малакаи саҳифабандии маҷалла ва қобилияти ороишгарӣ мебошад.
Номзад ҳамунин бояд аз барномаҳои Microsoft Office, Indesign, Corel Draw, Adobe Photoshop ва Adobe Acrobat бохабар буда, забони давлатӣ ва русиро донад.
Дар баробари ин довталаб бояд дар соҳаи рӯзноманигорӣ собиқаи кори сесола дошта бошад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А супоранд.
Барои маълумоти бештар бо телефонҳои 600-32-32; 600-31-38 муроҷиат кунед.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 28 июли соли 2017 муқаррар шудааст.