Даргузашти Владимир Толоконников - офарандаи нақши Шариков дар "Собачье сердце"

© Sputnik Евгений ОдиноковВладимир Толоконников
Владимир Толоконников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Толоконников - ҳунарманди даврони Шуравӣ, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Қазоқистон, пас аз офаридани нақши Шариков дар филми Владимир Бортко - "Собачье сердце" (Дили саг) номдор шуд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба манбаъ дар Театри Лермонтови Алмаато аз даргузашти ҳунарманди театр ва кино Владимир Толоконников хабар медиҳад.

"Владимир Толоконников имшаб дар шаҳри Маскав даргузашт. Писари ӯ соати чаҳори бомдод дар ин бора ба ман хабар дод", — гуфтааст мусоҳиби хабаргузорӣ.

Манбаъ дар бораи макони хоксупории ҳунарманд огаҳӣ надорад. "Ман ҳоло занги ӯро (писарашро — хабаргузорӣ) интизорам. Ӯ феълан ба зангҳои ман ҷавоб намедиҳад", — афзуда намояндаи Театри Лермонтови Алмаато.

Владимир Толоконников — ҳунарманди даврони Шуравӣ, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Қазоқистон, пас аз офаридани нақши Шариков дар филми Владимир Бортко — "Собачье сердце" (Дили саг) номдор шуд.

Лентаи хабарҳо
0