Дар метрои шаҳри Теҳрон- пойтахти Эрон марди ношиносе бо корд ба як мулло ҳамла мекунад.
Тавре РИА Новоти иттилоъ медиҳад, мард ногаҳон ба як муллое, ки дар дохили метро буд бо корд ҳуҷум кард. Шоҳидон хостанд ин ҳодисаро пешгирӣ кунанд, аммо онҳо низ захмӣ гаштанд.
Кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расида, ба сӯйи мард оташ кушоданд, ки дар натиҷа вай ба ҳалокат расидааст.
Ҷабрдидаҳо ба беморхона интиқол гаштаанд.
Баъдтар маълум гардид, ки мард нисбати рӯҳониён бадбиние доштааст.