Тоҷикобод: 40 хонавода аз бими заминлағжа наҷот ёфтанд

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Тоҷикобод ба далели таҳдиди заминлағжа 40 хонавода ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Тавре Умеда Юсупова ба хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ додааст, дар паи гармии рӯзҳои ахир об шудани барф дар кӯҳистонҳои шарқи Тоҷикистон афзоиш ёфта ва аз ҷумла дар рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод хатари заминлағжа бештар шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ба мақсади пешгирӣ аз дужомадҳои нобаюсида, 40 хонавода, ки дар маҳалли лағжиш қарор доштанд, ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи Умеда Юсупова ин хонаводаҳо аз маводи хӯрокӣ ва маҳсулоти зарурӣ таъмин шудаанд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Тоҷикобод коргурӯҳи КҲФ қарор дорад.

Бо дар назардошти вазъият дар ин ноҳия дар ду сӯи рӯдхона Шӯрак пул гузошта шудаанд. Коршиносон вазъиятро дар назди анбӯҳи барф меомӯзанд. Дар ҳоли ҳозир, барфҳои обшуда ва гилшор аз зери барфтӯдаҳо ва рӯдхона ҷорӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0