ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Сергей Шнуров- ҳунарманди рэпсарои рус мехоҳад ба гурӯҳаш як рэпсарои тоҷик ҳамроҳ шавад.
Тавре хабаргузории "Дождь" хабар медиҳад, кСергей Шнуров пас аз консерти калоне дар Петербург аз нақшаҳояш хабар дод.
Шнуров гуфт, ки мехоҳад ба гурӯҳаш як рэпсарои дигареро қабул кунад, ки бо вай суруди "гасбайтер — рэп" иҷро кунад.
"Чанд вақт аст, ки мехоҳам як фикри худро амалӣ кунам: мехоҳам ба гурӯҳамон як тоҷики рэпсароеро қабул кунам. Ман мехоҳам як "рэп-гастарбайтер" сароям. Зеро муҳоҷирон дар кишвари мо зиёданд, мо ҳама онҳоро медонем, муошират мекунем, лекин ногуфтаҳои онҳо зиёд дорад. Мо дар асл намедонем, ки онҳо чӣ гуназиндагӣ мекунанд. Ба мо дар ҳақиқат ин чизҳо шавқовар аст, зеро онҳо як қисми ҷомеаи мо гаштаанд. Ин фикри ман аст, лекин тоҷикеро наёфтаамро ки онро амалӣ гардонад",- Сергей Шнуров.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашти ин гурӯҳ чунин иқдомашро эълон карда гуфта буд, ки мехоҳад ба "Ленинград" тоҷикеро қабул кунад, ки "забони русиро хуб надонад".