ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ҷамшед Умарзода, сардори ин ниҳод дар нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳо кормандони Идораи замини ноҳияҳои Спитамен ва Шаҳристон мебошанд, ки бо моддаҳои 319 ва 247-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор мешаванд.
Ин ду нафар бо ҷурми қаллобӣ ва гирифтани пора боздошт шудаанд. "Ба Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия ду нафар кормандони идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба даст задан ба ҳолатҳои ҷинояти коррупсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд".
Ҷамшед Умарзода инчуинн гуфт, соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 71 ҳолати ғайриқонунӣ тақсим намудани замин ва ё худсарони ишғол кардани он ошкор шудааст.