Ҳалокати ду зан дар роҳ ба Хуҷанд

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанда - зани 32-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаи бехатариро риоя карда натавониста ба худрави дигар бар мехӯрад, ки дар натиҷа худи ронанда ва як зани дигар ба ҳалокат мерасанд

ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Бино бар иттилои ВУД, рӯзи 14-уми июли соли 2017, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", зани 32-солаи сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Хуҷанд-Конибодом", дар километри 70-уми ҳудуди деҳаи Маданият, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Зефира", таҳти идораи марди 37-солаи сокини ш.Бӯстон, бархӯрда, сипас, ба автомашинаи тамғаи "ГАЗ-52", ки дар канори рости роҳ беназорат меистод, бархӯрда, автомашинаро чаппа кардааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" зани 32-сола ва мусофири дохили автомашинаи мазкур зани 55-солаи сокини ш.Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Инчунин, мусофирони дигари дохили автомашинаи мазкур ноболиғон: духтарчаи 9-сола ва писарбачаи 10-солаи сокинони ш.Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ш.Конибодом бистарӣ гаштаанд. 
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0