Нерӯҳои дарёии Шри-Ланка филеро аз ғарқ шудан наҷот доданд

Обуна шудан
Нерӯҳои дарёии Шри-Ланка дар амалиёте 12-соата филеро аз ғарқ шудан дар уқёнуси Ҳинд наҷот доданд

Намояндаи нерӯҳои дарёии Шри-Ланка филеро дар 8 килуметрии дарёканор дид. Вай бар ин гумон буда, ки ин филро ҳангоми гузаштан аз тангаи Коккилай дар шарқи ҷазираи Шри-Ланка об бурдааст.

Амалиёти наҷоти филро ғаввосон ҳамроҳ бо мудофеъони муҳити зист баргузор карданд. Ин амалиёт 12  соат тул кашид ва саранҷом ғаввосон тавонистанд филро бо ресмон то соҳил бикашанд.

Лентаи хабарҳо
0