Раҳмон ба тоҷирони амрикоӣ: шароитро бароятон мусоид кардаем

© Пресс служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон с председателем торгового совета США - Таджикистан Филипп де Леон
Президент РТ Эмомали Рахмон с председателем торгового совета США - Таджикистан Филипп де Леон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Шурои соҳибкории Амрико ва Тоҷикистон Филипп де Леон тиҷорати ин кишварро дар Тоҷикистон баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Шурои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон Филипп де Леон баррасӣ кард.

Дар ин мулоқот ҷойгоҳи вижаи рушди равобити ҳасанаву ҳамаҷониба бо ИМА дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъкид гардид ва сафари ҳайъати соҳибкорону тоҷирони Амрико ба Тоҷикистон барои мубодилаи афкор дар мавзуъи вазъи кунуниву дурнамои ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишвар муҳим арзёбӣ шуд.

Ёдоварӣ шуд, ки дар давраи барқарории муносибатҳои байнидавлатӣ зиёда аз 30 санади ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод имзо шуда, ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари соҳибкорону сармоягузорони ИМА дар Тоҷикистон шароити мусоиду заруриро фароҳам овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Филипп де Леон дар бораи ҳамкории соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энержӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ ва ҷалби сармояи соҳибкорону тоҷирони ин кишвар дар пешбурди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Лентаи хабарҳо
0