ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҷавонпаҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 килуграм Қаҳрамони Ҷоми ҷудои Осиё шуд.
Бино ба иттилоъи гурӯҳи фейсбукии "Tajik sport", Ҷаҳонгир Маҷидов дар охирин рӯзи мусобиқоти ҷудои наврасони Осиё, ки имрӯз дар шаҳри Бишкек анҷом ёфт, дар зӯрозмоиии паҳлавонҳо дар вазни то 81 килуграм ба мақоми қаҳрамонӣ расид.
"Ӯ дар торихи варзиши тоҷик чаҳорумин варзишкор шуд, ки ба унвони Қаҳрамони ҷудои наврасони Осиё даст ёфт!", — навиштааст Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ҷаҳонгир Маҷлилов пеш аз ин дар Мусобиқоти куштии "Tula Cadet European Cup-2017" Қаҳрамони Ҷоми ҷудои Урупо шуда буд.