ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раиси Кумитаи родюву телевизиюни Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён аз сохтани ду филм дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Раиси КРТ дар нишасти расонаӣ гуфт, яке аз ин филмҳо мустанаде дар бораи Эмомалӣ Раҳмон аст ва "Президент" ном дорад.
Вай афзуд, ки ҳамчунин дар назар аст филми ҳунарие низ дар бораи раисҷумҳур сохта шавад. Аз ин рӯ вай аз филмноманависон даъват кардааст пешниҳодҳои худро дар ин бора ба Кумита бифристанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2016 коргардони тоҷик Ёрмаҳмад Аралев дар бораи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон филме иборат аз ду қисм таҳия намуда буд.
Нахустнамоиши он филм бори аввал моҳи ноябри соли 2016 ба муносибати Рӯзи раисҷумҳур баргузор шуда буд ва акнун ҳар аз гоҳе дар шабакаҳои телевизюни давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд мешавад.
Дар ин филм ёддоштҳои дӯстони раисҷумҳур, кормандони маъруфи давлатӣ ва лаҳзаҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ оварда шудаанд.