Садама дар роҳи Толятти ҷони 4 шаҳрванди Тоҷикистонро гирифт

© Фото : PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳодиса 13 июл дар 956-ум килуметри роҳи М-5 "Урал" аз шоҳроҳи Толятти - Сизран рух додааст. Дар ин сонеҳа чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва яке дигар сахт захмӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Сухангӯи намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия иттилоъ дод, ки ҳувияти қурбониёни садама дар шоҳроҳи Толятти — Сизран муайян гардидааст.

Ин сонеҳа 13 июл дар  956-ум килуметри роҳи М-5 "Урал" аз шоҳроҳи Толятти — Сизран рух додааст. Бино ба додаҳои бозҷӯён, худрави "Hyundai Solaris" аз шаҳри Толятти ба шаҳри Сизран ҳаракат мекарда ва ҳангоми дар роҳ ба иллати номаълум ба самти муқобили ҳаракат баромада, бо худрави боркаши "Renault Magnum" бар мехӯрад.

Дар ин ҳодиса чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон — Кенҷа Раҳимов, Муҳаммад Роибов, Маҳмудҷон Бойқулов, Мурод Саидмуродов кушта ва яке дигар аз ҳамсафаронашон сахт захмӣ шуда ва ҳамакнун дар шуъбаи эҳё қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0