ВУД: Мудири Коллеҷи пизишкии Конибодом ҳангоми дарёфти пора дастгир шуд

© Sputnik / Алексей Бойцов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири Коллеҷи пизишкии Конибодом барои донишҷӯ кардани ҷавонписаре аз Исфара 1800 дулор пора талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. ВУД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки дар Коллеҷи пизишкии шаҳри Конибодом, ду омӯзгор, ки яке аз онҳо мудири омӯзишгоҳ буда, ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуданд.

"Номбурдагон рӯзи 4-уми июли соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ барои ба омӯзишгоҳ дохил кардани ҷавонписари 22-солае аз шаҳри Исфара, аз зани 54-солае аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маблағи 1800 дулори амрикоиро ҳамчун пора талаб намудаанд", — гуфта мешавад дар хабар.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ду нафар рӯзи 12-уми июли соли 2017, тахминан соати 16:00 дар утоқи кории мудир дар Коллеҷи пизишкӣ ҳангоми дарёфти маблағи 1800 дулори амрикоӣ дастгир карда шуданд.

Тафтишот ҳолатҳои ин ҳодисаро бозрасӣ дорад.

Порагирии мудири коллеҷи тиббӣ дар ҳолест, ки ҳамин чанд рӯз пеш вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода дар нишасти хабарӣ гуфта буд, вазорат ҳама корро анҷом медиҳад то ришваситонӣ дар сохтори Вазорати тандурустӣ кам шавад. Вай ҳамчунин афзуд, ки вазорат барои пайгирии ин масъала шурои махсус созмон медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0