ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо як фармон раиси додгоҳи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро аз вазифа озод кардааст.
Фармон рӯзи 12 июл имзо шудааст.
"Илёсзода Дустмурод аз вазифаи раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад", — омадааст дар иттилоъия.
Пештар, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар дидор бо фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ва муҳокимаи масъалаи риояи қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо, ба масъулин супориш додааст, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани раисони саҳлангор, ки талаботи қонунрро риоя намекунанд, пешниҳод намоянд.
"Худи раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, хизматчиёни давлатӣ, масъулони бахшҳо оид ба корҳои дину танзим, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба вайрон гардидани талаботи қонун мусоидат менамоянд",- гуфта буд, раисҷумҳур.