ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ҳунарманди номдори Ҳолливуд, Жан-Клод Ван Дамм ва муборизи ҳарбҳои омехта Ҷефф Монсон барои ширкат дар размоиши Asian Fight 2017 ба Тошканд меоянд.
Дар ин бора раиси Федератсияи Узбакистон, Азиз Ҷурабоев дар суҳбат бо рӯзномаи "Даракчӣ" хабар додааст.
Ӯ қайд кардааст, ки Жан-Клод Ван Дамм ва Ҷефф Монсон сафари худро ба Узбакистон хаттӣ тасдиқ кардаанд.
"Дар навбати аввал онҳо барои боло бардоштани нуфузи Узбакистон дар сатҳи байнулмилалӣ ба Тошканд даъват шудаанд. Чун ситораҳои кино ва варзиш доиман дар маркази тавваҷҷӯҳи расонаҳо қарор доранд. Меҳмонон як-ду рӯз пеш барои ошноӣ бо Узбакистон ба кишвар ворид хоҳанд шуд. Онҳо барои ҷавонон мастер-классҳо барпо карда, дар ҳамоишҳое ширкат хоҳанд кард",- изҳор дошт Ҷураев.
Гуфта мешавад, ки размоиш 9 сентябри соли равон дар майдони "Бунёдкор" баргузор мешавад. Ҷурабоев бовар дорад, ки сафари ситораҳои кино ва варзиш ба баланд бардоштани нуфузи Узбакистон дар сатҳи ҷаҳон кӯмак мекунад.