Нархи об дар Тоҷикистон 10 дарсад гарон мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳолӣ ва созмонҳои давлатии Тоҷикистон 36,2 милюн сомонӣ баробар бо 4,1 милюн дулор ба "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" пардохт накардаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Давлати Тоҷикистон дар назар дорад таърифаи обро то поёни соли 2017 даҳ дарсад гарон кунад.

Дар ин бора муовини мудири корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Марҳабо Султонова дар нишасти расонаӣ хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки баҳои об дар паи талаботи сармоягузорон гарон карда мешавад.

Ба гузориши раҳбари Идораи кулли "Тоҷикобдеҳот" Бахтиёр Сафаров, ҳамакнун аҳолии Тоҷикистон барои як метри мукаъаб об 0,83 сомонӣ пардохт мекунанд.

"Пас аз баррасии ин масъала, баҳои об то 0,94 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамакнун созмонҳое, ки аз будҷаи давлат сармоягузорӣ мешаванд, барои як метри мукаъаб об 1,10 сомонӣ ва дигар созмонҳо 2,20 сомонӣ пардохт мекунанд", — гуфт Сафаров.

Дар навбати худ муовини аввали мудири корхонаи "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Равшан Тӯйчизода изҳор дошт, ки аҳолии Тоҷикистон ва созмонҳои давлатӣ ба ин ниҳод  47,5 милюн сомонӣ (3,3 милюн дулор) пардохт накардаанд. Дар миёни ин созмонҳо аз вазоратҳои маорифу илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ ном бурда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0