ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, ҳафт шаҳрванди Узбакистон дар сӯхторе дар шаҳри Санкт-Петербург ҷон бохтанд.
Ин муҳоҷирон дар анборе ба тарошидану омода кардани санги мазор машғул будаанд. Ба иттилоъи манбаъ, сӯхтор 600 метри мураббаъро фаро гирифтааст.
Ба ҷои ҳодиса ҳафт худрави вижа бо 33 оташнишон ҳозир шудааст.
"Ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ҷасадҳои ҳафт муҳоҷир аз зери овор пайдо шудааст", — омадааст дар иттилоъия.
Ҳамакнун шахсияти кушташудагон муайян карда мешавад.
Бино бар маълумотии пешакӣ, сӯхтор дар паи иттисоли кӯтоҳи ноқилҳо рух дода, вале далоили дақиқи он то ҳол маълум нест.