Ҳавои тираву ғуборӣ дар Тоҷикистон то 16-уми июл мушоҳида мешавад

© Sputnik / Амир Исаев"Афганец" накрыл Душанбе, архивное фото
Афганец накрыл Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавои тираву ғуборӣ дар қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон то 16 июл мушоҳида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 июли — Sputnik. Бино бар иттилои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, то 16-уми июл дар қисмати ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон ҳавои тира боқӣ мемонад.

Дар ин муддат хатари селу гилшор ва туғёни рӯдхонаҳо ҳам мавҷуд аст.

Пештар Кумитаи ҳолатҳои фақуллода хабар дода буд, ки 11 — 13 июл дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мешавад.

"Дар минтақаҳои кӯҳистонӣ хатари фурӯ рехтани селу гилшор дар паи об шудани пиряхҳо аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин, оби рӯдҳо туғён хоҳад кард", — гуфта буданд масъулини ниҳоди умури изтирории кишвар.

Лентаи хабарҳо
0