Барои нахустин бор зане раҳбари ширкати ҳавопаймоии "IranAir" шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкСамолет иранской авиакомпании Iran Air, архивное фото
Самолет иранской авиакомпании Iran Air, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фарзона Шарафбофӣ дар ин симат ҷойгузини Фарҳод Парвариш шуда, ки намояндаи нави Эрон дар Созмони байналмилалии ҳавопаймоии кишварӣ (IKAO) мансуб шудааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Фарзона Шарафбофӣ, узви кунунии ҳайъати мудираи шикрати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба симати мудири омилии "IranAir" интихоб шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизюнии PressTV, Фарзона Шарафбофӣ дар ин симат ҷойгузини Фарҳод Парвариш шуда, ки намояндаи нави Эрон дар Созмони байналмилалии ҳавопаймоии кишварӣ (IKAO) мансуб шудааст.

Фарзона Шарафбофӣ 44-сола аст ва дорои мадраки дуктурӣ дар риштаи ҳаво-фазоӣ аст. Вай пеш аз ин мудири кулли Дафтари пажӯҳишии "IranAir" буда ва ҳамчунин дар Донишгоҳи санъатии Амири Кабир ва Донишгоҳи улуму фунуни ҳавоии шаҳид Сатторӣ тадрис мекунад.

Муҳимтарин коре, ки дуктур Шарафбофӣ дар ин симат бояд анҷом бидиҳад, навсозии новгони ҳавопаймоҳои ширкати мусофирбарии милли Эрон аст.

Лентаи хабарҳо
0