Зоирони тоҷик шурӯъ аз 16-уми август ба Каъба равон хоҳанд шуд

© Sputnik / Искандар Аминов / Гузариш ба медиабонкПаломники из Таджикистана перед отъездом на хадж в аэропорту Душанбе
Паломники из Таджикистана перед отъездом на хадж в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи нахустини ҳоҷиёни тоҷикистонӣ барои адои маросими Ҳаҷ 16-уми август ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунад
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Тавре раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ Сулаймон Давлатзода дар сӯҳбат бо хабарнигорон хабар дод, ҳоҷиёни тоҷик шурӯъ аз 16-уми август ба Арабистони саудӣ барои адои маросими Ҳаҷ равон мешаванд.

Тавре манбаъ афзуд, мувофиқи қарордоди Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ  имсол ба ҳоҷиёни тоҷик ду ширкати ҳавоӣ — "Сомон Эйр ва ширкати арабии "flynas" хизмат мерсонад.

Парвозҳо  аз Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷидда сурат мегиранд. Гурӯҳҳои дигари зоирон то авохири моҳи август ба Арабистон ҳозир мешаванд.

Нархи сафари Ҳаҷ имсол ба 32 ҳазору 671 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи бурсияҳои ҷудошуда бошад, имсол ҳам тағйир наёфтааст —  6,3 ҳазорро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0