ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ин кумаки молӣ барои тавонафзоии зерсохторҳои Тоҷикистон дар баробари селу гилшор, заминларза, заминлағжиш, сангрезиш ва дигар балоҳои табиъӣ равона хоҳад шуд.
Ба гузориши вебгоҳи расмии Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, ки кишваре кӯҳистонӣ аст, аз назари заминшиносӣ ва сохтори печидаи зистмуҳитӣ дар баробари балоҳои табиъӣ ба шиддат осебпазир аст ва кӯҳнаву фарсуда будани зерсохторҳо метавонад осебу зиёне фаровон барои иқтисоди ин кишвар дар пай дошта бошад.
Дар ин гузориш таъкид шуда, ки бахши умдаи роҳҳои иртиботӣ, пулҳо, саддҳо ва шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ сохта шуда ва ниёз ба сармоягузорӣ ва бозсозӣ дорад.
Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки дар солҳои 1992 то 2016 ҳаводиси табиӣ наздик ба як милёрду 800 милюн дулор хисорот ба иқтисоди Тоҷикистон ворид кардаанд.