Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон "манъи" ҳиҷобпӯширо дар Тоҷикистон шарҳ дод

© SputnikСаидмукаррам Абдулкодирзода
Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Миллати тоҷик тайи 1400 сол пайрави дини Ислом буданд ва дар ин муддат бо пӯшидани либоси миллӣ меъёрҳои шариатро риоя мекарданд",- посух додааст ба хабарнигорон раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳини нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи дин аз эҳтимоли мамнӯъ гаштани пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон пурсон шуданд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар посух ба саволи хабарнигорон гуфтааст, тоҷикон тайи 1400 сол, ки пайрави Ислом буданд, либоси миллӣ ба бар мекарданд ва меъёрҳои шариатро риоя мекарданд.

"Миллати тоҷик зиёда аз 1400 сол пайравӣ аз Ислом дорад ва тайи ин муддат либосҳои миллӣ ба бар дошт ва то ба ҳол риоя мекарданд. Ҳамчуноне ки риоя мекарданд, ҳамон хел либоси миллиро бо меъёрҳои шариат мепӯшанд",- изҳор доштааст ҷанолби Абдулқодирзода.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Э. Раҳмон: Худоро ба ақл мешиносанду бо қалб мепарасатанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷоб

Раиси кумитаи дин Сулаймон Давлатзода бошад, изҳор доштаст, ки "пӯшидани либоси динӣ дар қонунгузорӣ муайяну маҳдуд нашудааст". Дар идораҳо роҳбарият сару либоси кормандонашро танзим мекунад".

Масъулини Кумита  гуфтаанд, маҳдудият ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният роҳандозӣ мешаванд ва  инро Конститутсияи кишвар иҷозат додааст.

Тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон ташвиқот бурда мешавад, ки занон аз "пайрави ба фарҳанги бегона- пӯшидани либоси бегона (ҳиҷоб)" даст кашанд ва рӯ ба фарҳанги миллӣ оранд. Шурӯъ аз 4-уми июл дар шаҳри Хуҷанд 21 гурӯҳи корӣ ба фаъолият оғоз кард. Мақсади гурӯҳ "пешгирии ҳолатҳои гаравидани занон ба фарҳанги бегона будааст."

Лентаи хабарҳо
0