ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи ҶТ, Сироҷиддин Аслов ба муносибати ба итмом расидани муҳлати фаъолияти сафири Исроил, хонум Кармела Шамирро ба ҳузур пазируфт.
Ба гузориши манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Исроил ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетика ва захираҳои обӣ, илму фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ муҳокима карданд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон, ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар чаҳорчӯби СММ ва мубориза ба муқобили теруризми байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки сафири Олмон дар Тоҷикистон Ҳолгер Грэн мақомашро тарк мекунад.