"Ҷашни Алмосӣ" барномаи бузургдошти шастумин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аст, ки аз имрӯз оғоз мешавад ва то як сол идома меёбад. Ин солгардро ҷамоъати мусулмонони шиъаи исмоъилӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн мегирад.
Шабакаи тавсеъаи Оқохон гурӯҳе аз созмонҳои ғайримазҳабӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ аст, ки дар заминаи беҳбуди фурсатҳо ва беҳзистии мардумон дар манотиқе аз ҷаҳони тавсеъаёбанда фаъолият мекунад. Созмонҳои ин Шабака хешкориҳои гуногуне аз беҳдошту омӯзишу парвариш гирифта то меъморӣ, тавсеъаи рустоӣ ва тарвиҷи сармоягузории бахши хусусӣ доранд. Ин созмонҳо дар ростои ҳадафе муштарак ҳамкорӣ мекунанд, ки он поярезии бунгоҳҳо ва барномаҳоест, ки бояд пайгирона посухгӯи чолишҳои тағйироти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҷаҳон бошанд.
Ин доданигошта созмонҳои бунёдини Шабакаи тавсеъаи Оқохонро муаррифӣ карда ва тарҳе куллӣ аз фаъолиятҳои онро дар Тоҷикистон намоиш медиҳад.