Деворнигораҳои Кобул - роҳи наҷоти занони Афғонистон аз даҳшати ҷанг

Обуна шудан
Шамсия Ҳасанӣ бо нигоргарӣ деворҳои харобшуда аз ҷангро асари ҳунари тасвирӣ мегардонад

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ташвиқи ҳунар дар кишваре, ки як ваҷаб аз хокаш ҳам аз ҷанг дар амон намондаст, барои ин ҳунарманди латиф кори осон нест.

Шамсия Ҳасанӣ нахустин намояндаи ҳунари хиёбонӣ (Street art) дар Афғонистон аст, ки бо нигораҳояш деворҳои вайроншуда аз ҷангро асари ҳунарӣ мегардонад.

Публикация от Shamsia Hassani (@shamsiahassani) Июл 7 2017 в 10:35 PDT

 

Шамсия дар Теҳрон — пойтахти Эрон дар хонаводаи паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба дунё омадааст. Вай дар чаҳорсолагӣ мӯқалам ба даст гирифта ва мехоста нигоргар шавад, аммо ин орзӯяшро натавонист дар Эрон амалӣ кунад: омӯзгорон гуфтандаш, ки дарси расмкашӣ дар барномаи омӯзиши фарзандони муҳоҷирон гунҷонда нашудааст. Вай дар поёни солҳои 1990-ум бо падару модараш ба зодбумаш баргашт ва дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул мондгор шуд.

"Ҳунар беҳтар аз ҷанг аст"

Шамсия пас аз хатми донишкадаи ҳунарҳои тасвирии Донишгоҳи Кобул дарк кард, ки мехоҳад, ҳама табақаҳои ҷомеа аз ҳунару осори ҳунарӣ бархӯрдор бошанд.

Ин ҷавондухтар боварманд аст, ки "ҳунар беҳтар аз ҷанг аст". Инҷо намешавад шиъори маъруфи мухолифони ҷанг "Make love, not war" яъне "Ишқбозӣ кунед, на ҷанг"-ро ба ёд наовард. Аммо Шамсия дар ин шиъор ишқбозиро бо ҳунар ҷойгузин кардааст. Вай, ки дар яке аз ноамнтарин шаҳрҳои ҷаҳон ба сар мебарад, аз даҳшати ҷанг хуб огоҳ аст: ӯ боварманд аст, ки танҳо ҳунар метавонад ҷаҳонро беҳтар гардонад.

Just done:)

Публикация от Shamsia Hassani (@shamsiahassani) Июн 20 2017 в 3:52 PDT

 

Ин нигоргари 29-сола дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон гуфта, ки нахустин бор дар бораи ҳунари хиёбонӣ дар соли 2010 шунида буд. Дар вазъе, ки имрӯз Афғонистон дорад, ки беҳтар он аст, ки бо атрофиён ҳеч тафовуте надошта бошӣ, пайдо кардани ҳамфикрон барои Шамсия коре осон набуд.

"Гурӯҳе носазоям мегуфт, ки бо наққошиҳоям деворҳоро олуда мекунам, гурӯҳе дигар сарзанишам мекард, ки деворнигорӣ ҳунари бегона бо ислом аст", — гила мекунад вай.

Вале Шамсия натавонист табиъати ҳунарписандашро ром кунад. Вай ба танҳоӣ мавзуъҳои доғи рӯзро дар кӯчаву хиёбонҳои Кобул рӯи деворҳо наққошӣ мекард. Ӯ бо ин деворнигораҳояш қонуншикании низомиёни хориҷӣ ва хомӯшиву нотавонии давлатро ба тасвир мекашад, ки қодир нест ҷангу хунрезӣ ва дарду ранҷи бисёрсолаи мардуми афғонро поён диҳад.

At IFA

Публикация от Shamsia Hassani (@shamsiahassani) Май 25 2017 в 5:57 PDT

 

"Дар оғоз ман ягона деворнигор будам. Вале акнун дар Афғонистон дигар деворнигорон ҳам пайдо шудаанд, ки ман бо онҳо дар тамос ҳастам", — мегӯяд вай.

Шамсияро акнун фаротар аз Кобул ҳам мешиносанд. Нигораҳои вай дар Ҳиндустону Эрону Олмону Итолиё намоиш дода шудаанд. Ҳамчунин бархе аз нигораҳои Шамсия дар намоишгоҳҳое дар сафоратхонаҳои мустақар дар Кобул низ намоиш дода мешаванд.

Соли 2014 Шамсия Ҳасанӣ яке аз сад беҳтарин андешавари ҷаҳон шинохта шуд.

"Фаранҷӣ — мушкили аслии занони афғон нест"

Яке аз қаҳрамони аслии деворнигораҳои Шамсия — занони афғон ҳастанд. Вай бо деворнигораҳояш мехоҳад эътирози занони афғонроо бар зидди ҷомеъаи муҳофизакори Афғонистон намоиш диҳад. Маъмулан рассом онҳоро бо фаранҷии суннатӣ тасвир мекунад.

"Ман занонро бо ҳамин намои муосирашон наққошӣ мекунам. Ман мехоҳам дар бораи зиндагии онҳо бигӯям: роҳи наҷотро ба рӯяшон боз кунам, дарҳоеро ба рӯяшон кушоям то орзӯяшонро амалӣ созанд. Аксарияти мардуми ҷаҳон бовар доранд, ки занони афғон ғайр аз фаранҷӣ дигар мушкилоте надоранд. Онҳо ба омӯзиш дастрасӣ надоранд — ин аст мушкилот. Мо бояд таваҷҷуҳамонро ба мушкилоти воқеъӣ ҷалб кунем. Албатта барои ман мушил аст ба танҳоӣ афкори мардумро тағйир додан. Вале ман бовар дорам, ки бо ин роҳ каме ҳам бошад, вазъиятти занони афғон беҳбуд хоҳад шуд", — мегӯяд Шамсия.

My new mural #kabul

Публикация от Shamsia Hassani (@shamsiahassani) Апр 28 2017 в 7:05 PDT

 

Ин ҳунарманд мегӯяд, ки деворнигорӣ дар Кобул хатарҳоеро дар пай дорад.

"Деворнигорӣ дар Кобул кори осон нест. Духтарони афғон ҳамвора бо афкори муҳофизакорони ҷомеа бармехӯрад — ин фазои кориро бештар муташанниҷ мегардонад. Наққош ҳаргиз фурсате мкносиб барои наққошӣ надорад".

Ба қавли Шамсия, тарҳи наққошӣ бояд қаблан омода бошад, чун рӯ ба рӯи девор вақте барои фикру хаёл надорем", — тавзеҳ медиҳад вай.

Аз ин рӯ, Шамсия пештарҳи як деворнигораро ду — се моҳ омода мекунад.

 

"Ман наметавонам ҳар гоҳе бихоҳам ба ноҳияе биравам: гоҳе ба ҷиҳати масоили амниятӣ, гоҳе аз рӯи монеъаҳое, ки худи мардум эҷод мекунанд", — мегӯяд Шамсия.

"Деворнигорӣ — доруе бар захмҳои Кобул"

Шамсия мушкилоти сари роҳашро дар назар наёварда, мехоҳад роҳи интихобкардаашро то поён биравад. Вай мегӯяд, ки то замоне, ки умеде барои омадани сулҳ  ва эҳқоқи ҳуқуқи занон дар Афғонистон аст, ӯ дар ин роҳ талош хоҳад кард.

"Эҳтимол аст, ки маро таҳқир кунанд, ё ҳатто зиндонӣ кунанд. Дар Кобул деворнигоронро хатари гуногун таҳдид мекунад. Вале ин ҳама мушкилу хатар маро наметарсонад. Эҳтимол деворнигораҳои ман, ки дар онҳо пайомадҳои ҷангу инфиҷорҳои Кобул тасвир шудаанд, доруе ба захмҳои онҳо шаванд. Ман ба ояндаи Меҳанам хушбин ҳастам. Деворнигораҳои ман бо рангҳои равшан наққошӣ шудаанд — ман ба эҳёи Афғонистон умед дорам".

Лентаи хабарҳо
0