ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои "РИО" 18 кас аз ҷумла як кӯдак ва як наҷотдиҳанда захмӣ шудааст.
"Ҳаждаҳ кас дар паи сӯхтор захм бардошт. Миёни захмишудагон як кӯдак ва наҷотдиҳандаи шуъбаи наҷотдиҳии №13 ҳастанд", — хабар додааст мусоҳиби оҷонсӣ.
Ба гуфти мусоҳиб 14 кас дар беморхонаҳои Маскав бистарӣ гардида, авзои чаҳор кас вазнин арзёбӣ мешавад.
Ҳолати 10 каси дигар миёна ва сабук гуфта шудааст.
Сӯхтори шадиди маркази савдои "РИО" соати 23:27 ба вақти Маскав хомӯшкарда шудааст.